Ҳадафи Паём — фатҳи қуллаҳои мурод

ХУҶАНД. Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии  “Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд” вохӯрии судманд баргузор гардид, ки нуктаҳои муҳими рушди мамлакат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  “Мавриди зикр аст, ки дар асоси рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар самти нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз лиҳози сифати роҳҳо ва тараққиёти инфрасохтор мавқеи назаррасро ишғол намуда, чун кишвари пешқадам дар минтақа муаррифӣ гардидааст”,- иброз дошт дар баромадаш намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ва таъкид намуд, ки ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ  ва шаҳраку деҳот вазифаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошад ва дар ин самт корҳо бояд тақвият дода шаванд. Ҳамзамон, дар давраи миёнамӯҳлат таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошигарди ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ пешбинӣ шудааст”. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин рӯз собиқадори ҲХДТ Сатторов Абдуазиз Дадоевич бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфарозонида шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии мазкур Ҳоҷарой Латифӣ пазироӣ ва ҳамаҷониба ҳамовоз будани аъзоёни ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати роҳандозӣ намудани Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон иброз дошта, бо эътимоди комил даъват ба амал овард, ки саҳми босазои хешро дар амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар мегузоранд. Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаҳои рушдро сарбаландона фатҳ хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>