Паёми Пешвои миллат роҳ ба сӯйи ояндаи нек

ДЕВАШТИЧ. Шарҳу моҳият, муҳтаво ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар маҷлисгоҳи «Тоҷикматлубот»-и Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо иштироки раиси ҷамоат М.Қулдошов ва комиссари ҳарбии ноҳия С.Давронзода, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Сарвари мамлакат вохӯрӣ бо аҳолии ҷамоати шаҳрак баргузор гардид. Дар суханрониҳо тамоми паҳлуҳои Паёми Пешвои миллатро барои ҳозирин ба таври муфассал шарҳ доданд. Оид ба эълон гардидани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф заданд. Аз бонувон даъват ба амал оварданд, ки баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. ки дар доираи Паёми Пешвои миллат тамоми бонувон фаъолияташонро ба роҳ монда ҳар як нуқтаи Паёмро сармашқи фаъолияти ояндаи худ намуда баҳри гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон доимо дар ҳаракат бошанд. Дар тарбияи насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расонидан кӯшиши ҳамаҷониба намуда, ҷавонписаронро барои адо намудани қарзи муқаддаси худ яъне «Хизмат ба Ватан» ҳидоят намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>