Саломатии миллат- боигарии давлат

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломати»-и шаҳр, бо иштироки корманди дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Амонов Алишер  ва Бурсибой Лутфуллоев вохӯрӣ баргузор шуд. Бурсибой Лутфуллоев мудири шӯъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  дар назди иштирокдорон оид ба  самтҳои асосии Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хориҷию дохилии кишвар, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018,  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуд.  Иштирокдорон суханрониҳои Бурсибой Лутфуллоевро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки баҳри иҷрои  вазифаҳои бар душ доштаашон масъулиятро дучанд менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>