Омӯзиши Паём дар маҳаллаҳо

БӮСТОН. Бо мақсади расонидани  мӯҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  мӯҳтарм Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳи  нуқтаҳои асосии  Паём ба  аҳолӣ аз ҷумла ба занони маҳаллаҳо аз ҷониби гурӯҳи кории  назди  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  вохӯриву мулоқотҳои судманд анҷом меёбанд. Вохӯрии навбатӣ бо занони хонаниниш  ва духтарони маҳаллаҳои  «Гулшан» ва «Сомониён» баргузор гардид.    Дар вохӯрӣ аъзоёни Шӯрои занони назди кумиҷроия ва  гурӯҳи тарғиботӣ  аз ҷумла, вакилони Маҷлиси вакилони хақи шаҳр  Хусравбекова Т.Ф., Ниёзова Р.М. Абдулова З.К.  иштирок  варзида, оиди  нуқтаҳои аоссии  Паёми навбатӣ, самтҳои дахлдори соҳаи ичтимоӣ сухан карданд.  Аъзои гуруҳи тарғиботӣ аз ҳисоби занони вакил Ниёзова Р.М. ҳангоми суханронӣ  оид ба  таваҷҷӯҳи  махсуси Сарвари давлат ба  саломатии аҳолӣ, ки  шарти муҳими  тараққиёти кишвар ба ҳисоб меравад  ибрози ақида намуд. Ҳамчунин   Абдулова З.К.  оид ба  эълон гардидани  соли 2018  «Соли рушди  сайёҳӣ ва  ҳунаҳои мардумӣ»  ва  имтиёзҳои  занони ҳунарманд дар ин самт сухан кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>