Баргузории Конференсияи ғайринавбати

КОНИБОДОМ. Санаи 19 январи соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  конференсияи  XVII-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар он намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ва аъзоёни фаъол ҳизб иштирок намуданд. Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Бобоҷонзода А.Т кушод ва аъзоёни раёсати конференсияи XVII-уми ғайринавбати муовини якуми раиси шаҳр Ёдгорӣ Ф.Ю, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Суғд Фаттоҳзода С.А, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбӣ Бобочонзода А.Т ва директори маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом Ғафурова З.А интихоб гардида ва конференсия ба кори худ  оғоз намуд.  Дар Конференсия 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: Оид ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешваои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017  ва  Пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти  Суғд даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии Ғафурҷон Ортиқов №21 бар ивази вакили хориҷшуда. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи Холматова Х  оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешваои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маърӯза намуд. Оид ба масъалаи пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти  Суғд даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии Ғафурҷон Ортиқов №20 бар ивази вакили хориҷшуда аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ғафурова З баромад намуда номзадии Раҷаббой Аҳмадзодаро пешниҳод намуд ва бо тарҷимаи ҳоли номзад шинос кард. Сипас, 88 нафар вакилон ин пешниҳодро пазируфта, барои тасдиқи номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ғ.Ортиқов №20» аз ҲХДТ якдилона райъ доданд. Дар кори конфронс Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода баромад намуда, салому паём ва миннатдории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба вакилон расонида, аз кордонӣ, матонат, маҳорат, муваффақият ва фазилатҳои неки Раҷаббой Аҳмадзода сухан ронд. Дар анҷоми конфронс қарорҳои дахлдор ба тавсиб расид ва аз комиссияи ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд даъват ба амал оварда шуд, ки номзади пешбаришударо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ғ.Ортиқов №20» ба қайд гирад. Бо садо додани суруди миллӣ конфронс ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>