Вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Имрӯз баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо раисон ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ва аъзоёни гуруҳҳои тарғиботӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба таври ҳамаҷониба таҳлил гардида, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.     Бинобар ин, Паёми навбатии Пешвои миллат оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Чуноне ки дар худи Паём зикр шудааст, таъмини шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат буда, тамоми захираву имкониятҳои давлат барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар шудаанд. Мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ба мардум расонидани муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат корҳои тарғиботию ташвиқотиро боз ҳам ҷонноктар намоем. Дар охир раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни гуруҳҳои тарғиботӣ баҳри баргузор намудан корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вазифгузорӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>