Маросими супоридани шаҳодатномаҳо

IMG_9208

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳои хатмкунандагони Мактаби кадрҳои захиравии назди КИВ ҲХДТ баргузор гардид. Дар он хамткунандагони мактаб, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ширкат доштанд.  Қисмати расмии чорабиниро роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Акбарзода Маъруф ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба сухан баромада, ҷавононро бо хатми курсҳои захиравии назди КИВ ҲХДТ муборакбод гуфт. Дар сухани муборакбодии раиси КИВ ҲХДТ аз ҷумла зикр гардид, ки  «чорабинии имрӯза аз ҷумлаи он иқдомҳои ба нақша гирифтаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ аст, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавононIMG_9269 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешаванд. Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб аз оғози фаъолияти худ ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд ва ҳамасола дар самти дастгирию қадршиносии онҳо корҳои муайянро ба иҷро мерасонад. Маҳфили имрӯза низ ҷузъе аз ҳамин гуна тадбирҳост…… Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 73 нафар хатмкунандагони Мактаби кадрҳои захиравии назди КИВ ҲХДТ шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравиро  раиси КИВ ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода супорид. Чорабинии мазкур бо гирифтани расми хотиравӣ анҷом пазируфт.

IMG_9257

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>