Ҷавонмардо, ҷавонмард бош то мурдан!

pero

АНДЕША. Шукронаи Тоҷикистони биҳиштосо, шукронаи он, ки тоҷикаму миллатамро ҷаҳониён мешиносанд. Лек, сад афсӯс, ки ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки бо амалҳои ноҷавонмардонаашон зиндагии мардумро зери хатар мегузоранд. Ногуфта намонад, ки инсон аз азал хатокор, гумроҳ ва фаромӯшхотир аст. Гоҳо аз нодонӣ ё бетаҷрибагӣ ба хатогие роҳ медиҳад. Ин хатогиҳо ислоҳшавандаанд. Лек, ҳастанд амалҳое, ки онро хато гуфтан номумкин аст. Дар ҷамъият бо ҷамъият зистан, аз кардаҳои худ хулоса баровардан ва он чизе, ки адолат дораду ба ҷамъият зарар надорад, қабул намуда, зиндагии худро пеш бурдан нишони ҷавонмардист. Агар мушкилие пеш ояд, ба қонун, дин ва мазҳабаш такя намуда, аз пирон дарси ибрату аз бародарони донишманд маслиҳати бародарона пурсидан боиси шарму ҳаё нест. Инсони комил баҳри зиндагии шоистаи атрофиён ҳиссаи хоксорона мегузорад. Чун Кабирӣ ба Ватан хоинӣ намекунад. Барои худ аз хоҷагони душманмиҷоз маслиҳатгар намеҷӯяд. Аз ҷойи нозуки ҷамъият чун дин – исломи беолоиш аз ҳар гуна ифротҷӯӣ истифода наменамояд. Пирони мазҳабиашро  ҳурмату эҳтиром менамояд. На барои шуҳратмандиву мансабпарастӣ ҳам Ватану ҳам халқашро мефурӯшад. Зиёда аз 10 сол бо масъулони дин дар соҳаи назорати дин кор кардам. Аз ин лиҳоз лозим донистам, лоақал аз заруриёти динӣ огоҳ бошам. Дар яке аз масҷидҳои ҷомеъаи ноҳия гурӯҳи (курси) имоматиро хатм намудам. Мушоҳида намудам, ки бархе «диндорони навбаромад» бо саволу ҷавобҳои гуногуну ивғоангезашон  «усол» ё беҳурмат кардани мо, давлатдоронро дӯст медоранд. Хусусан собиқ аъзоёни ТЭТ ҲНИТ, ки ба назди онҳо доимо ба тайёрии пухта рафтаму бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, мақсаду мароми нопокашонро шунида, аз онҳо дурӣ ҷустам, ки мабодо ба ман ва хонаводаам хатари ҷиддӣ наоранд. Бисёре аз диндорон ба фарқи дину ҳизб сарфаҳм нарафтаанд. Сад фаҳмонӣ ҳам суде надорад. Чунки ҳизбиён (наҳзатиёнро дар назар дорам), мардуми омиро бо азоби қабру бо ҳадисҳои худбофтаашон метарсонидаанд. Барои корманди аз ҷиҳати фиқҳӣ  суст кор кардан дар ин самт хеле душвор аст. Суханпардозии онҳо ҳар касро раҳгум карданаш аз имкон берун нест.  Агар ин ҳизбиён дилсӯз ва тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебуданд, роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ шогирдонашро партофта ба назди хоҷагони хориҷиаш ба давлатҳои хориҷӣ фирор намекард. Бисёри ҷавононе, ки ба ТЭТ ҲНИТ аъзо шуда буданд, дар вақтҳои саволу ҷавоб мақсади ба ҳизб аъзо шуданашонро худ намедонистанд. Чунки бештари онҳоро бо роҳҳои маҷбурӣ ва надонистани қонуниятҳои ҳизби мамнуъ–экстремистӣ эълон шуда даъват намуда, аъзо кардаанд. Сабабгори ҳамаи ин роҳбарони худи ҳизб буданд. Акнун қазоват кунед, ки чӣ гуна М.Кабирӣ шахси ватанфурӯш, хоин ва душмани мардуми тоҷик будааст. Чунончӣ, ҳар як марди тоҷикро мебоист бо фикру ақидаи худ рафтор ва амал намояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки агар М.Кабирӣ шахси ватандӯст ва миллатдӯст мебуд, Назарзода Абдуҳалим Мирзоро дастгирӣ намекарду он маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро ба оилаҳои камбизоат хайр менамуд. Аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ ба гуфтаҳои сарварашон Муҳиддин Кабирӣ сахт бовар мекарданд. Гоҳо рӯйи вазифа ҳам дар сӯҳбатҳои ӯ иштирок мекардаму худ ба худ фикр менамудам: «Худованд барои ин ҷавон симои зебо ва нутқи озодбаёнро додааст. Наход аз ин назари Худо натарсад, ки нисбати ҳукумати худ ва ҳамдиёронаш суханони ғафлатомез гӯяд?» Ҳамон вақтҳо аз суханрониаш бӯйи ваҳшоният, бефарқӣ нисбати ҷони инсон ва инсонбадбиниву ватанбадбинӣ меомад. Охирон  исботаш карданд, ки ӯ хоин аст. Нисбати шахсе, ки хоини миллату халқ аст, чӣ гӯед мешавад? Ҳеҷ чиз! Худованд ҳозиру нозир аст. Албатта барои хуни ноҳақи ҷавонони роҳгумзадаро резониданаш ӯ ҷазояшро мегирад. Ҳозир набошад дертар албатта насибаш мегардад. Зеро таърих борҳо инро нишон додааст. Кабирӣ инро нағз медонист, аммо ӯ барои ба даст овардани маблағҳои ҳароми хоҷагони хориҷиаш Ватани азизу маҳбубашро тарк кард. Ӯ нагурехта ҳам наметавонист, зеро ӯ вайронкор, ки буд, бояд ҷазо медид. Лек, ҷони садҳо ҷавонони бегуноҳро зери хатар гузошт. Кабирӣ ҷавонмардӣ надошт, зеро ягон хеш ва пайвандонаш дар ин ҷангҳо иштирок надоранд. Онҳо дар назди хоҷагони ифротҷӯяшон зиндагии ноҷавонмардона доранд. Аз берун истода ба воситаи шабакаҳои интернетӣ фикри ҷавонмардони тоҷикро вайрон месозанд. Нисбати Тоҷикистон дурӯғҳо мебофанд ва ба ин васила аз хоҷагонашон соҳиби маблағ мегарданд. Садқаи ҷавонмардӣ шавӣ, Кабирӣ,  зеро хоиниву сабабгори гумроҳ кардани садҳо ҷавонони роҳгумкарда  гаштаӣ. Ту паррандаи даҷҷол будаӣ, ки бо овози форамат садҳо ҷавонро фурӯ бурдаӣ. Ҷавонмардо, даст рӯйи сина гузору ба кардаҳоят дар назди Худованд ҷавоб деҳ! Зеро дар  дунё аз бешарму беҳаё будан тарки дунё намудан афзалтар аст. 

Ҳоҷӣ Саид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>