Мухофилин низ ба Кабирӣ мухолифанд! Ё ҷудоихоҳӣ ҷудоихоҳонро ҷудо кард

АНДЕША. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маълум буд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзои он ихтилофандозӣ байни мусалмонон буда, бо ин роҳ онҳоро бо кашмакашҳо ва гирудорҳо овора намуда, муфт соҳиб гардидан ба моликияти онҳо маҳсуб меёфт. Айни замон низ бо манъ гардидани фаъолияти ин ташкилоти ифротӣ ва фаъолияти ғайриқонунии боқимондаҳои наҳзат дар кишварҳои хориҷӣ маълум гардида истодааст, ки террорист Муҳиддин Кабирӣ аз шеваи куҳнаи худ ба истилоҳ худхоҳӣ ҳанӯз ҳам фаровон истифода бурда, мехоҳад ҳамаи мухолифини Тоҷикистонро зери тасарруфи фикрӣ ва баъдан тасарруфи амалии худ дароварда мавқеи ноустуворашро устувортар гардонад ва бо ин роҳ аз хоҷагонаш маблағҳои калони муфтро ба даст оварад. Вобаста ба ин дар дигар нашрҳои маводҳои таҳлилгарон исбот ҳам гардида буд, ки Кабирӣ сиёсатмадор нест, балки як тоҷир аст, ки маблағгузории хоҷа бозорашро гарм нигоҳ медорад. Оид ба худхоҳии Муҳиддин Кабирӣ  Додоҷони Атовуллоҳ шаби 25 август дар мусоҳибае бо ББС ҲНИТ моҳи августи соли 2017 ишора намуда зикр дошта буд, ки Кабирӣ ҳоло мехоҳад тамоми мухолифинро дар зери чатри ҲНИТ ва зери сояи худи ӯ ҷамъ биорад: “Яъне Кабирӣ мехоҳад пешво ӯ бошад”. Рӯзи 26 август дар як мусоҳиба бо сомонаи «Ахбор” Додоҷони Атовуллоҳ ҳамзамон оид ба фаъолияти Кабирӣ изҳор дошта буд, ки “Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад аз худ як бозигар битарошад. Аммо ҳам табараш кӯҳна асту ҳам чӯбаш пӯсидаву ҳам истеъдодаш мелангад”. Дар идомаи сухан иброз медорад, ки: “дар наҳзат бисёр шахсони калидияш аз рафтору кирдори Кабирӣ ба танг омадаанд. Шояд онон ба наздикӣ масъалаи истеъфои Кабириро ба миён гузоранд. Аз ин рӯ Кабирӣ мехохад барои худаш як «запасной аэродром» бунёд бикунад. Ҷурналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро мехоҳад ҷамъ биёварад ва оппозитсияи нав созад, ки дар унвонаш номи «ислом» набошад ва худаш пешво бишавад”.  Бо ҳамин мавҷи интиқодҳои Додоҷони Атовуллоҳ баъди нишасти Дортмунд сар шуд, ки рӯзи 9 июл дар Дортмунд дар ҳошияи як нишасти бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ раҳбарони гурӯҳҳои мухолифин ҷиҳати ташкили як иттиҳод тавофуқ карда буданд. Чун эълони «Гуруҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро, ки «бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолат”-и ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи дигари мухолифинро комилан қатъ кардааст шунидам, ба хулоса расидам, ки ҳатто мухолифин низ сиёсати ноуҳдабароёна ва зери ниқобу супориши хоҷагони хориҷӣ фаъолият бурдани Муҳиддин Кабириро низ дарк карда бо ӯ мухолифат доранд. Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи «Гуруҳи 24” бо нашри як баёния эълон кард, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсисашро бо ҳизби низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) комилан қатъ мекунад. Дар изҳороти «Гуруҳи 24” аз 20 январ бидуни ироаи ҷузъиёт «сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи ҳзиби наҳзати исломии Тоҷикистон” ҳамчун далели қатъи ҳамкориаш бо ҲНИТ ном бурда мешавад.  Дар робита бо катъи фаъолият Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи расмии «Гуруҳи 24” рӯзи 21 январ дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” тасдиқ кардааст, ки “қадамҳое, ки аз ҷониби ҲНИТ бардошта шуд, ба сӯи эътилоф ва иттиҳод набуд”. Аз ин бармеояд, ки мухолифин низ ба Кабирӣ мухолиф буда, маҳз ҷудоихоҳии ӯ буд, ки ҷудоихоҳон аз ӯ канорагӣ ҷустанд. Бо дарки ин, ки ҳатто мухолифин аз Кабирӣ безоранд моро зарур аст, ки наздикону пайвандон ва хосатан насли наврас ва ҷавонро аз доми оташи наҳзат раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки ба гирдоби балои наҳзатиҳо гирифтор шуда, ояндаи босаодати хешро барбод диҳанд.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>