Панҷакент шаҳри ободу зебо ва мақбули сайёҳон мешавад

АНДЕША. Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадима ва бостонии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Саразми таърихи зиёда аз 5,5 ҳазорсола ва куҳандизи Панҷакенти қадим доштанаш, зодгоҳи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигар бузургон буданаш, мавҷудияти ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва фарҳангӣ, бо манзараҳои зебою тамошобоб, обҳои ширини чашмасорон, ҳафткули овозадору сайргоҳи Уреҷ машҳури оламиён гаштааст. Аз шаҳри қадимаи Панҷакент то Самарқанди бостон ҳамагӣ 60 км аст. Дар солҳои истиқлолият бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва  шаҳри Панҷакент симои шаҳр ба куллӣ тағйир ёфта, ба яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон табдил ёфт. Бо хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи Айнӣ- Панҷакент то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон бунёд ёфта, хати интиқоли барқии 220 кВ- и Айнӣ- Панҷакент сохта шуда мушкилоти аҳолӣ оид ба рафту омад ва таъмини доимии аҳолӣ бо қувваи барқ  ҳал гардид. Имрӯз дар ҳудуди шаҳр биноҳои баландошёнаи замонавӣ давра ба давра қомат афрохта ба ҳусни шаҳр ҳусн зам менамоянд. Шаҳр дорои 14 ҷамоати деҳот, 18 маҳалла, 136 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, 18 кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ, Донишкадаи омӯзгорӣ, Коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва литсейи касбӣ- техникӣ, муассисаҳои зиёди тандурустӣ, Хонаҳои фарҳанг, китобхона, боғҳои истироҳатии хуштарҳ, меҳмонхонаҳои бароҳат  буда ба рушди саноат, хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Боздид аз осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ ва тамошои барномаҳои рангини фарҳангӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр мақбули ҳамагон гаштааст. Таи солҳои охир бо таваҷҷӯҳи раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода, маблағгузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва фаъолияти назарраси сохтмончиёни варзида ободонии шаҳр вусъат ёфта истодааст. Ҳоло дар маркази шаҳри Панҷакент сохтмони бинои 5 ошёнаи Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, муҷассамаи зебою замонавии устод Лоиқ Шералӣ бо баландии  зиёда аз 6 метр бо саҳмгузории бригадаи сохтмонӣ таҳти сарвари сохтмончии соҳибтаҷриба Азизмуродов А., ва як гурӯҳ сохтмончиён аз шаҳри Хучанд таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи марказии шаҳр барои қариб 7 ҳазор ҷойи нишаст таҳти сарварии сохтмончии шинохта Саидов О., кӯдакистони замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби сохтмончии бомаҳорат Қодиров А. ва соҳибкорони муваффақ  бомаром идома дорад.  Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар ин асос шаҳри бостонии Панҷакент омодагӣ дорад, ки сайёҳон ва меҳмононро аз тамоми гӯшаю канори дунё дар давоми соли 2018 ва минбаъд дар сатҳи баланд пазироӣ намояд. Ширкатҳои сайёҳии шаҳр кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки барои меҳмонон ва сайёҳон тамоми ифрасохтори заруриро муҳайё намуда, барои диққатҷалбкунанда ва хотирмон доир шудани боздиди меҳмонон, сайёҳони дохилӣ ва хориҷи кишвар аз ин шаҳри қадимаю соҳибтамаддун таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Бо ин мақсад ободонии шаҳр, тозагию озодагӣ, осоиштагии мардум таҳти назари роҳбарияти шаҳри Панҷакент бо сарварии раиси шаҳр Шафеиён Ислом Зиёзода, сохторҳои дахлдор ва фаъолони шаҳру деҳот қарор дорад. Мақсади асосӣ аз он иборат мебошад, ки бобати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд, муҳтарам  Раҷаббой  Аҳмадзода бобати иҷрои корҳои ободонӣ, сабзухуррамгардонӣ,  рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва зиндагонии шоисти мардум саҳми назарраси худро гузоранд.

Мурод   Шукурзода

Раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>