Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар доираи чорабиниҳои «Соли 2018 –Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов, ТИ ҲХДТ «Варзишгар» ва МД Мактаби варзишии «Деҳаи Зарафшон» рӯзҳои 19-21 январи соли 2018 дар толори варзишии «Чемпион»-и деҳаи Ғулакандоз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони соли тавваллуди 2001-2003, 2004-2006 оид ба дзюдо «Таътили зимистона» бахшида ба ёдбуди Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Одинаев баргузор гардид. Дар мусобика зиёда аз 350 нафар варзишгарон аз дастаҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ, води Рашт, шаҳрҳои  Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Мастчоҳ  ва аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дастаҳои  мактабҳои варзишии «Ланглиф» ва «Зарафшон»  иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси ноҳия Салимзода Комил,  намоянда аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Тошбоев Дилшод ва аъзоёни оилаи Одинаевҳо иштирок ва баромад намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>