Озмуни «Оши палави беҳтарин»

БӮСТОН. Эълон гардидани «Соли 2018 – соли  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдами миллӣ – Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба  ҷавонони ҳизбии шаҳри Бӯстон  нерӯву илҳоми тоза бахшида  баҳри  баргузории  чорабиниҳои фарҳангиву тарғиботӣ аз ҷониби намояндагони ТҶҶ Созандагони Ватани  КИ ҲХДТ дар шаҳр омодагии хуб ба роҳ монда шудааст. Бахшида ба  эълон гардидани «Соли 2018 – соли  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифпарвар» -и КИ ҲХДТ дар шаҳр ва ТҶҶ Созандагони Ватан дар байни  духтарони  синфҳои 11- уми  муассисаҳои таълимии шаҳр  озмуни «Оши палави беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун  ҷавондухтарони  ҳафт муассисаҳои  таълимии шаҳр бо пухтани  Оши  палов ва хуришҳо барои ош ҳунарнамоӣ намуданд. Духтарон ошҳои палови  тайёрнамудаи худро  ба тарзи миллӣ дар ошдон ва алов пухта  манзури  ҳайати ҳакамон  намуданд. Дар ҷамъбаст ҳайати ҳакамон, аъзоёни  кумиҷроияи шаҳрӣ  ба Оши палови тайёрнамудаи  духтарони  муассасаҳои таълимии шаҳр баҳои умумии аъло эълон намуда,  барои духтарон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Рафт ва ҷамъбасти Озмун тариқи  телевизиони ҷумҳурявӣ ва вилоятӣ  наворбардорӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>