Озмуни «Нони зебои миллӣ»

БӮСТОН. Эълон гардидани «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои  бонувони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳаи маорифи   шаҳри Бӯстон нерӯву илҳоми тоза дар омӯзиш ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ бахшид. Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии «Марифпарвар»-и  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон   бахшида ба «Соли 2018 — Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни ҷавондухтарон озмуни  «Нони зебои миллӣ» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур  ҷавондухтарон ва мураббиёни  муассиаҳои   таълмиву томактабии шаҳр  иштирок намуда, дар  ошхонаҳои миллии назди муассисаҳои таълимии шаҳр ташкилёфта, дар танӯрҳои миллӣ наздик 10 намуди  нонҳи миллӣ аз ҷумла,  кулча, нони калон, нонҳои фатир, нони чапотӣ, кулчаи калон, нони бочазза ва ғайраро пухта  ба маърази  намоиш гузоштанд. Нонҳои зебои миллии дар намоишгоҳ гузошташуда аз ҷониби аъзои ҳакамон, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ мавриди омӯзиш  қарор дода шуда,  ба ҷавондухтарони ҳунарманди  Литсейи № 1-и шаҳр  ҷои сеюм, ба Гимназияи № 2 ҷои  дуюм ва  кадбонуҳои  МТМУ № 3-и шаҳр ҷои аввалро сазовор диданд. Нонпаздухтарони моҳир бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>