Варзиш яке аз самтҳои муаррифгарист

ДЕВАШТИЧ. Дар солҳои охир диққату эътибор ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хеле пурзур гардида, бо дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Имрӯз нисбати ин ғамхории Ҳукумат ба хусус Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони кишвар ҷисмонан обу тоб ёфта, Парчами Тоҷикистонро дар байни мамлакатҳои дигар баланд мебардоранд ва  Суруди миллии мо садо медиҳад. Ба қавле варзиш шакли омавӣ гирифта ҳамаи намудҳои он рушд ёфта истодааст. Дар ноҳияи Деваштич низ шароитҳои гуногуни варзишӣ барои варзишгарон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муҳайё гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки Фарзод Нуруллоев, Обидов Сиёвуш, Комилҷон Комилов, Амир Худойдодов, Ҳасанҷони Ёқубзода ва дигарон номи ноҳияро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ карда истодаанд. Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар «Соли ҷавонон» яъне соли 2017 ба дастовардҳои наҷиб ноил гардид. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассисаи мазкур 563 нафар варзишгарон аз ҷумла, 69 нафар духтарон аз рӯйи даҳ намуди варзиш ба машқу тармим машғул мебошанд. 21 нафар мураббиёни соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ба варзишгарон пайваста нозукиҳои варзишро меомӯзонанд. Инак, боиси ифтирхори кулли Деваштичиён аст, ки дастпарварони ин муассиса дар тамоми мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок намуда, чун Деваштичи қаҳрамон муаррифгару Парчамбардорӣ ҳамин диёр гардидаанд. Дар соли ҷавонон 177 нафар варзишгарони муассиса дар мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок намуда, 18 медали тилло, 56 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ ба дастоварданд. Инчунин дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бошад 7 медали тилло, 15 медали нуқра ва 31 медали биринҷиро соҳиб гаштанд. Дар мусобиқаҳои байни шаҳру ноҳияҳо бошад, соҳиби 54 медали тилло, 57 нуқра ва 87 бириҷиро ба дастоварданд. Дар маҷмӯъ дар Соли ҷавонон барои варзишгарони ноҳия басо хотирмон ва ҷолиб гардид, ки ба хазинаи муассисаи худ 368 медал аз ҷумла, 79 медали тилло, 128 нуқра ва 161 медали биринҷиро ворид намуданд.  Аз ин дастовардҳои наҷиби варзишгарон сарвари муассиса Н.Комилов болида хотир аст. Инчунин қайд намуд, ки барои тагшкил, гузаронидан ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз муассиса, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати молия, аз тарафи падару модарон ва сарпарастон дастгирии ҳамаҷониба меёбанд, миннатдории худ ва дигар масъулини Муассисаро изҳор менамоям. Дар оянда барои тамоми масъулини муассиса ва дастпарварони онҳо бурдбориҳои беназирро таманно намуда, барои иштирок дар мусобиқаҳо ғолибиятро хоҳонем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>