Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти мост

ДЕВАШТИЧ. Чун анъана ҳама сола баъд аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи минбаъдаи он, расонидани муҳтавои он ба интихобкунандагон дар ҳайати гуруҳҳои муштарак бо аҳолӣ баргузории вохӯриҳо ба нақша гирифта мешаванд. Тибқи ҷадвали тастиқгардида дар тамоми гӯшаю канори вилоят вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу моҳият ва муҳтавои Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Деваштич низ доири фаҳмонидани тамоми нуқтаю хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифтанд. Аз ҷумла, дар Қасри фарҳанги ба номи устод Абуабдуллои Рӯдакӣ мулоқот баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ректори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров сарвари гуруҳ Ҷамшед Ҷӯразода, аъзоёни гуруҳ Иброҳим Ҷабборӣ ва Назира Маҳмудова иштирок намуданд. Мулоқотро Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустом Боймурод ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмононро ба ин ноҳияи зебоманзари Деваштич барои сокинон лаҳзаҳои хотирмон хонд. Исмомилзода Зуфар вакили Маҷлиси намояндагон дар суханронии худ қайд намуд, ки 22 декабр Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуданд. Дар суханрониҳо дастгириҳои ҳамешагии Сарвари мамлакат  оиди бунёди як қатор иншоотҳои бузурги ноҳия ба хусус хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой ва Таваллудхона қайд гардид. Инчунин иштирокдорони мулоқот оиди нуқтаҳои Паём ибрози ақида намуда, баҳри амалишавии нақшаҳои дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдбориҳо таманно намуданд. Чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун бо иштироки бештари намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷараён гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>