Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ

КОНИБОДОМ.  Дар доираи эълон гардидани Соли 2018 — соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом силсилаи тадбирҳо амалӣ мегарданд. Имрӯзҳо дар шаҳр азнавбақайдгирии ҳунарҳои мардумӣ, ки сокинон бо он шуғл меварзанд,  оғоз гардида, дар ин самт гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст. Алҳол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот зиёда аз 200 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шуда, маълум шуд, ки дар байни халқ беш аз 70 намуди ҳунарҳо мавҷуд аст. Чуноне ки зимни суҳбат раиси Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ иброз дошт, дар натиҷаи фаъолияти гуруҳи корӣ маълум гардид, ки якчанд намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки пештар нуфуз доштанд, рӯ ба таназзул ниҳодаанд. Аз  ҷумла, кулолгарӣ, ки пештар нафарони зиёд бо ин намуди ҳунар рӯзгорашонро пеш мебурданд, аз байн рафта истодааст. Бинобар он, дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр дар маҳфили рассомӣ бахши кулолгарӣ таъсис дода шуд, ки аллакай хонандагони зиёд номнавис шуда, шавқи омӯхтан доранд. Мисли ин, дигар намуди ҳунарҳои халқӣ низ минбаъд ривоҷ дода шуда, байни мардум муаррифӣ хоҳад шуд. – зикр кард мавсуф. Ҳамин тавр, масъулин азм доранд пас аз муайян намудани шумораи ҳунармандон ва навъи ҳунар ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ корбарӣ намуда, дар ин раванд занони бешуғл ва ҷавононро низ ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ҷалб намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>