Мулоқоти судманд

АШТ. Рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии маркази саломатии ноҳия вохӯрӣ бо сардухтурони марказҳо ва хонаҳои саломатии ноҳия баргузор гардид. Мулоқотро менеҷери КАТС-и ноҳия Имомназаров Ш. ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории чорабиниро ба ҳамагон иброз намуд. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова М. чанд нуктаи муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноат, сиёсати дарҳои кушод, дипломатияи иқтисодӣ, рушди соҳаи паррандапарварӣ, ворид намудани технологияҳои нав, баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳи беш зоҳир карда шудааст,  ёдовар шуд. Инчунин, дар самти қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, ки ҳамеша дар байни мардум ҳастанд, ҳарф зад. Менеҷери КАТС-и ноҳия Имомназаров Ш. зикр намуд, ки аъзоёни ҲХДТ  ташкилоти ибтидоии  Маркази саломатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми солонаи сарвари давлат, ки боиси таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, кӯшмш ба харҷ хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>