«ҲУНАР – БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР»

ХУҶАНД. Дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунар – беҳ  аз симу зар»  намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ баргузор мегардад. Ҳамоиш имруз — 24 январи соли равон дар бинои Кохи «Суғдиён»-и маркази вилоят бо намоиши ҳамаи намудҳои маҳсулоти дастии ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон бо пешниҳоди маърӯзаҳо аз ҷониби ҳунармандони касбӣ ва барномаи рангини фарҳангии санъаткорони шаҳр доир мегардад. Бояд гуфт, ки ҳамасола баҳри дастгирӣ ва рушд додани фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳр грантҳои раиси шаҳр таъсис дода шуда, бонувони чирадаст дар ҷамъомадҳои тантанавӣ бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд.  Дар ин замина соли 2018 низ таъсиси 15 адад грантҳои раиси шаҳр барои ҳавасмандгардонии занони соҳибкору ҳунарманд пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон то имрӯз дар маркази вилоят якчанд маҳаллаҳо ҳамчун маҳаллаҳои ҳунармандон, аз қабили сандуқсозон, заргарон, гаҳворасозон, кулолгарон, мӯҳрабофону сабадбофон, читгарону қаннодон маъруф буда, инчунин омӯзиши ҳунарҳои дигари дастӣ ва меҳнати хонагӣ, чун қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, косибӣ ва ғайра дар марказҳои амалкунандаи ҳунаромӯзӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>