Даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид

СУҒД. Чун анъана дар давраи таътили зимистонаи мактабиён даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст. Дар расми ифтитоҳи олимпиада раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маорифи вилоят Мусобек Мироватов ва сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати  маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд.   Тибқи низомнома олимпиада  аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида шуда, то санаи 31 –уми январ идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>