Дар таътили зимистона 100 нафар омӯзгорони пешқадам ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд

СУҒД. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар кормандони соҳаи маорифи вилоят дар осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд. Истироҳати собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадаму навовар, устодони соҳибтаҷриба рӯзи 19 январ оғоз ёфт. Кормандони соҳаи маориф баъди табобату истироҳати бофароғат бо нерӯи тоза фаъолияти худро идома медиҳанд. Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилоят бо мақсади хушу хотирмон ҷараён гирифтани фароғати маорифчиён ташкилу баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию оммавӣ- шабнишиниҳои адабию бадеӣ, мулоқот бо адибону санъаткорон, вохӯриҳои мухталиф дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>