Озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» тарроҳони беҳтаринро муаррифӣ намуд

СУҒД. Бо мақсади инкишофи қобилияти навоварӣ ва эъҷодии хонандагон, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетики аъзоёни маҳфилҳо, зиёд намудани завқи хонандагон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бахшида ба  «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аввалин бор озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзоёни маҳфилҳои ҳунаромӯзии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмун дар ду давр-минтақавӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар даври минтақавӣ наздик 500 нафар хонандагон ва дар даври вилоятӣ 22 нафар ғолибони даври минтақавӣ аз 16 шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳадафи аслии озмун дар давраи таътили зимистона фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ буда, тарғибу ташвиқи касбу ҳунаромӯзӣ аз аҳдофи дигар ин озмун буд. Ба гуфти директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов озмун дар се бахш- либоси идона, либоси рузмарра ва либоси бачагона доир гардид. Дар натиҷа, ғолиби бахши «Либоси идона» хонандаи синфи 10-и гимназияи рақами 4 шаҳри Хуҷанд Ф. Раҳимова, ғолибибахши «Либоси рӯзмара» хонандаи синфи 11-и МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ М. Саидов вағолиби бахши «Либоси кӯдакона» хонандаи синфи 9-и МТМУ №6-и ноҳияи Спитамен М. Сангинова гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>