Илму дониш ҷавононро аз ифротгароӣ эмин медорад

pero

АНДЕША. Шахсе, ки пироҳани илму дониш ба бар кардааст, онро чун сипару ҷавшан аз кулли офатҳо ва сангпартоии рақибонаш эмин нигоҳ медорад, чунки одами бо ақлу ҳуш дар ҳама гуна носозгориҳо ва пасту баландиҳои рӯзгор чӣ кор кардан ва чӣ тавр рафтор карданашро аз рӯи ақли солим анҷом мебахшад. Аҳли башар ҳарчанд, ки аз ҷиҳатҳои гуногун соҳиби ақлу идрок мебошад, вале боз ҳам омӯзиши бархе аз омилҳои муосир барояшон ҳанӯз нокифоя аст. Муҳим он аст, ки ҳар як фард дар ҷомеа чӣ тавр пиндор, гуфтор ва рафтори ҳамида дорад. Назари онҳо ба худ, ба дигарон, ба аҳли ҷомеа чӣ гуна аст. Таърих гувоҳ аст, ки бар асари воқеаю ҳодисаҳои нангину хунини солҳои 90-уми асри гузашта бо васвасаи душманони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва ҳоҷагони хориҷӣ баъзе ашхос ва гурӯҳҳои ифротию ифродгаро, фосидони фитнаангез сар бардошта, фаъолияти ҷудоиандозиро касб карда, дар пойи халқи хеш бе андеша теша зада, бегонапарастӣ карда, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф карданд. Худ ва даҳҳо нафар ҷавононро ба гирдоби раҳгуми андохтаанд. Ҳатто дар марҳалаи нави рушди Ватани азизамон низ мушоҳида мешавад, ки он бадтинатони гурӯҳҳои ифротию ифротгаро ва тундрав аз амалиёти ғайриқонунию зишти худ даст кашиданӣ нестанд. Дар яке аз мулоқотҳои худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни ифроту ифротгароӣ сухан ронда, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ироқу Сурия таваҷҷуҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари тероризму ифротгароӣ ҷалб намуда буданд. Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад зиёд даргузаштан, чира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ кардан ва умуман зиёдаравӣ омадааст. Ифротгароӣ ва террори динӣ-мазҳабӣ, ки ағлаб дар кишварҳои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, имрӯз ҳудуди хешро тавсия бахшида, ба Аврупо «кӯч» баста аст.  Тайи чанд сол аст, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз қабили ДИИШ, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ гардидааст. Кас дар ҳайрат мемонад, ки оё ҷавононе, ки ба гумроҳию гумномҷ мераванд, аз асли мақсади таблиғгарон хабар доранд? Пӯшида нест, ки иттилоот дар бораи ин падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ — терроризм дар шабакаҳои интернетӣ зиёд аст. Аксар ҷавонони беандеша ба терроризм тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мегараванд, яъне ин ҷавонон аз оқибати бефарҷоми амалҳои номатлубашон огоҳанд. Террористон бо амалҳои номатлуби худ масъалаи имондории худро зери шубҳа мегузоранд, зеро бандаи мӯъмин наметавонад бар ивази куштори дигарон барои хеш савоб гирад ё шаҳид шуда, ба биҳишт равад. Ҷалб кардани диққати дигарон бо баҳои ҷони инсонҳои бегуноҳ беинсофию ҷаҳолат аст. Мутаасифона, баъзе ҷавонҳои бетаҷриба дар ин равияҳои даҳшатбор фаъоланд. Одатан, ба ин ҷараёнҳо ҷавононе ҷалб мешаванд, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд. Дар зеҳни онҳо, ки ҳоло тозаю покизааст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва аз баски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаи ақидаи бебунёд мешаванд. Онҳо гумон доранд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд, аз ин рӯ ҳар кореро, ки ба онҳо мефармоянд, қатъиян иҷро мекунанд, то ба «биҳишти ваъдагӣ» расанд. Мувофиқи таҳлилҳо омилҳои ба ин ҷараёнҳо шомил шудани ҷавонон зиёданд: надоштани сатҳи саводи зарурӣ, бесаводию тангназарӣ, фаҳмиши нодурусти озодӣ, паст будани сатҳи зиндагӣ, фориғболии падару модар. Ғайр аз ин, яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ ин таълими ғайрирасмии динии онҳо дар марказҳои исломии давлатҳои хориҷӣ, ба хусус кишварҳои араб мебошад.   Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳанӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ҷавононе, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, баргардонида шуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамзамон дар ин замина 2-юми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тавсиб расид. Ин қонун тамоми аҳли ҷомеа – падару модар, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдорро водор месозад, ки дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд. Ғайр аз ин, барои аз байн бурдани ин зуҳурот дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани тафаккури онҳо барномаҳои виҷа роҳандозӣ карда шаванд, масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзиши асарҳо ва суханрониҳои Сарвари кишвар васеъ ба роҳ монда шаванд.  Моро лозим меояд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро тарзе ба роҳ монем, ки ҳар як ҷавони шунаванда ё бинанда аз роҳи бад баргашта, ба фаъолияти худ аз рӯи ақлу фаҳмиш баҳо диҳад. Бошад, ки иддае аз ҷавонони фиребхӯрдаю роҳгумзада дигар ба доми ифротгароён наафтода, ба мулкҳои хуношом нарафта, дар Ватани худ, дар шаҳру ноҳияи худ, дар деҳоти худ аз пайи кору фаъолияти созанда шаванд.

Ғоибова Н.Ҳ.

 аъзои гурӯҳи трағиботии

КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>