Бо ифротгароӣ муборизаи дастачамъона мебояд

Ruchka

АНДЕША. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафкани (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Шомил гардидани  бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст задани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо  — соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.  Маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи нодурусти телефонҳои мобили ва интернет мебошад. Имрӯз мо бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии милли ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан — Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем. Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнати дар хориҷи кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд.  Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, бахусус намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳи буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқи, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.   Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани ифротгарои ва даҳшатафкани дар байни ҷавонон мешавад. Маълум аст, ки танҳо бо роҳандозӣ намудани чораҳои махсус аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ, мубориза намудан нисбат ба зуҳуроти фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомотҳои давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти чамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрванди бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст. Хулоса, барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

    Шӯрои собиқадорони

      КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>