Меҳвари рушди ҷомеа

АНДЕША. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон меҳвари рушди ҷомеа, барномаи мукамали расидан ба саодатмандӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фарди кишварамон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол 17 сол ин ҷониб, аз Паём то Паём дар ҳама ҷабҳаҳо ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашта ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат маҳз масъалаи инсон, ташаккули олами маънавӣ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ дар заминаи истифодаи самараноки сармоя ва нерӯ тавонои инсонӣ қарор гирифтаанд.Дар Паём таъкид гардид, ки “Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи  зиндагӣ иборат мебошад”. Танҳо соли 2017 дар кишварамон 24 ҳазор ҷои нишасти иловагӣ барои толибилмон муҳаё шуд ва ин иқдом соли равон ва минбаъд идома хоҳад ёфт. Бобати дастрасӣ ба таълим ва сифати таҳсилот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё ҷойи 54 ва дар байни давлатҳои ИДМ яке аз мақоми аввалро ишғол мекунад. Боиси сарфарозист, ки муасисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара дар робита бо ҳадафҳои пешниҳодгашта, истифодаи самараноки нерӯи инсонӣ мақом ва манзалати хоса доранд. Онҳо соли 2017 дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ байни 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат мақоми ҳаштум ва аз рӯи холи миёнаи умумӣ аз фанҳои имтиҳонӣ мавқеъи аввалро соҳибӣ карданд. Вале минбаъд ин нишондиҳандаҳоро нигоҳ дошта тавонистан ва норасоиҳои мавҷударо аз байн бурдан дар вазъи имрӯзаи рушди маорифи Исфара кори саҳл нест. Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Моро зарураст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифату таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”. Барои ноил шудан ба истифодаи самараноки омилҳо ва нерӯи тавонои инсонӣ ҳар як ҷомеъа пеш аз ҳамма ба омӯзгор, муррабӣ ва роҳкушои зиндагӣ ниёз дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд донишгоҳҳои бонуфузи омӯзгорӣ амал мекунанд, вале теъдоди кашидашавии ҷавонону духтарони болаёқад аз шаҳру деҳоти Исфара ба онҳо ҷавобгӯй ба талаби давр нест.  Дар 84 муассисаи таълимии шаҳру деҳоти Исфара синни омӯзгорони аз 55 боло нисбат ба ҷавонон бештар аст. Теъдоди омӯзгорони ҷавононе, ки ҳамасола ба муасисаҳои таълимии Исфара ба кор меоянд дар муқоиса ба синни омӯзгорони ба нафақа наздик омада хеле каманд. Минбаъд мушкилоти нарасидани омӯзгорон дар аксар муассисаҳои таълимӣ ба муаммои сарбаста табдил меёбанд. Барои ҳалли мушкилоти мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва як зумра соҳибкорони маъорифпарвар ба ҷавонони болаёқат ва ниёзманде, ки пешаи омӯзгориро  интихоб карданд, грантҳо таъсис дода, донишҷӯёнро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ карда истодаанд. Вале ин иқдоми саривақтӣ ба пуррагӣ наметавонад масъалаи дар оянда бо омӯзгорони ҷавон таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва идома бахшидани анъанаҳои омӯзгорони номиву писандидаи Исфараро таъмин намояд.  Пешвои миллат дар Паём вазифагузорӣ намуданд, ки “сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ва пешрафтаи инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”. Барои расидан ба ин ҳадаф аҳли ҷомеъа новобаста ба касбу кор ва мавқеъ дар ҷомеа ба мактаб рӯ оранд. Барои ташаккули нерӯи нотакрор ва тавонои насли наврас тавассути дастгирии омӯзгор – мурабии ҳаёт, меъмори инсони комил саҳмгузор бошанд.

Обидбой Аҳмадов,

сиёсатшинос

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>