Бетарафӣ амали нобахшиданист

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба кишвари дар вартаи ҷанги бародаркуши оғуштаи мо овард, нодиртарин ва қиматтарин наҷотбахши миллат ва неъмати бебаҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ҳар  як фарди  солим, баору номуси Ватан бояд қадри заҳматҳои бепоён ва ҷонбозиҳои хатарноки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳуриро қадр кунад, марзу буми Ватанро чун Ватани маҳбуби худ ҳимоя намуда, баҳри пойдории  Ваҳдати миллӣаз як гиребон сар бароранд.  Аммо, мутаассифона байни ҷавонон ҳастанд раҳгумзадаҳое, ки ба гурӯҳҳои  ифротгаро, ки ташкилотҳои махсуси хориҷӣсарпарастӣва маблағгузорӣ мекунанд, шомил шуда, обрӯй, эътибор ва хизматҳои хуби волидайн, наздикони худро дар ҷодаи Ватандорӣпаст зада, онҳоро сархам мекунанд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣва ҳатто ноҳияҳои дурдасти он аз воситаҳои ахбори умум хабарҳо дастрас менамоем, ки ҷавонони раҳгумзада ба гурӯҳҳои терррористии ба ном “Давлатҳои Исломӣ”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “ Ал-қоида”, “Боко Ҳарам”, “Ҳизби наҳзати ислом” ва дигар ҳаракатҳои мамнӯъшуда ҳамкорӣдоштаанд. Рафтори чунин ҷавонони беирода ва манфиатҷӯй моро водор месозад, ки ҳушёру зирак буда, саривақт пеши роҳи онҳоро гирем ва дар байни ҷавонон корҳои  оммафаҳмониро бештар ба роҳмонем. Сабаби  ба  ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, одамрабоӣ, таҷовуз ба номус, кирдори зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва ғайра даст задани ҷавонон ин тамошои видеороликҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, таҳдиддошта буда, филмҳои таҷовузкорона аз саҳифаҳои гуногуни шабакаҳои интернетӣва маводҳои аз хориҷи кишвар дастрасшуда мебошад, ки ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад.Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносии мардум, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон метавон пеши роҳи таҳдидҳо ва хатарҳои номатлубро гирифт.

Солеҳи ЗАРАФШОНӢ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>