Cанҷиши ташкилоти ибтидоӣ

ШАҲРИСТОН. Дар асоси нақшаи кории  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон имрӯз аз ҷониби мудири бахши кор бо занон ва ҷавонон Примқулова З. ва мутахасиси шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроия дар ҳошияи Маҷлиси КИМ ҲХДТ ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо  ташкилоти ибтидоии БМН мавриди таҳлил ва санҷиш қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ташкилотҳои ибтидои утоқи ҳизбӣ ба таври зарури муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ баъзе камбудиву норасоиҳо   ба назар расиданд. Гарчанде ҷаласаҳои ҳизбӣ дар асоси нақшаи корӣ доир гардад ҳам, маводҳои тасдиқкунандаи он мукаммал нестанд. Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур вазифадор карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, узвият дар ниҳодҳои низомии давлати ба ном исломии Ироқу Шом чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд. Инчунин  ташкилоти ҳизбиро лозим аст, ки ба интиқоду матолиби муғризонаи мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои хабарии мустақилу хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, аъзои худро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф ҳар ҳафта рӯзи Чоршанбе соатҳои ахбори сиёсӣ гузаронанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>