Ифротгароӣ- вабои аср

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар маҷлисгоҳи  КИ ҲХДТ ҷамъомад таҳти унвони «Ифротгароӣ-вабои аср» бо имомхатибон, падару модарон, раисони кумитаҳои маҳалла ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндаи МИМҲД-и ноҳия Гадоев Муҳаммад, сардори ШКДАМ ҶТ дар ноҳия Боқиев Саидбек, раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам иштирок намуданд. Намояндаи МИМҲД-и ноҳия Гадоев Муҳаммад ҷамъомадро кушода қайд кард, ки: Вохӯрии имрӯза ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бахшида мешавад. Имрўз ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.  Сардори ШКДАМ ҶТ дар ноҳия Боқиев Саидбек иброз дошт, ки: Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти чандин ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ансоруллоҳ», «Гуруҳи 24», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия»  ва ТЭТ Ҳизби наҳзат манъ карда шудааст. Вале ин гуруҳу ҳаракатҳо имрӯз муборизаро бо шаклу намудҳои дигар ба роҳ мондаанд, ки ҷалби шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ — Сурияву Ироқ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба доми онҳо афтодагонро ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳанд. Нисбат ба чанд нафар сокинони ноҳия, ки дар мамолики хориҷа, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Афғонистон, Вазиристони Покистон қарор доранд, парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудааст. Мутаассифона, вақтҳои охир занону кӯдакони ноболиғро низ ҷалб карда истодаанд, ки ин боиси нигаронии аҳли ҷомеа аст. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳое, ки ба Ватан баргашта, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ менамоянд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд.  Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ як нафар зан сокини ноҳия бо ду кӯдаки ноболиғаш аз мамлакати Сурия баргардонида шуд, ки ҳоло ин зан дар ҳамин вохӯри иштирок дорад ва сухан ба ӯ дода мешавад.    Насруллоева Санавбар сокини деҳаи Ғулакандоз, ки аз Сурия баргаштааст оиди ҳодисаҳои дар он ҷо дидааш чунин гуфт: Маро бо кӯдаконам шавҳарам бо баҳонаи кор ба Россия бурд. Баъди чанде бо баҳонаи кору даромади беҳтар ба давлати Туркия рафтем. Дар ҳама ҷо моро шахсони бегона пешвоз мегирифтанду хароҷотамонро пардохт мекарданд. Аз онҷо баъди чанде моро ба Сурия бурданд. Баъди дидани манзараҳои даҳшатноки онҷо ман дарк кардам, ки фиреб хӯрдаам. Дар он ҷо ки худашонро ба ном «Давлати исломӣ» эълон карда буданд, аз ислом ва оддитарин шароитҳои инсонӣ хабаре набуд. Занону духтарон аз оддитарин ҳуқуқҳо маҳрум ва монанди ашёҳо хариду фурӯш мешуданд. Шавҳарам ва як фарзандам ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ кушта шуданд ва ман бесарпаноҳ мондам. Он рӯзҳо ва азобу шиканҷаеро, ки ман аз сар гузаронидам, мисли ҷаҳаннам мемонад. Он даҳшатро илоҳӣ ҳеҷ кас набинад. Зеро забон аз гуфтани он оҷиз аст. Падару модарони азиз, аксарияти фарзандонамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, илтимос аз кору фаъолияташон бохабар шавед. Онҳоро насиҳат кунед, ки аз шахсони бегона дурӣ намоянд ба доми фиреби онҳо наафтанд.   Имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Ғулакандоз Мадиёров Отабобо дар суханрониаш гуфт, ки: Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Ин падидаҳо аз нооромиҳо дар мамлакатҳои Осиёи Миёна, ки баъд аз пошхӯрии давлати шӯравӣ муваққатан ба миён омад, истифода бурда, аз кишварҳои бегона паҳн гардиданд. Таассуфовар он аст, ки амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз номи дини мубини ислом ба ҷо оварда мешаванд. Ҳол он ки дини мубини ислом қатлу куштори инсонро гуноҳи кабира меҳисобад. Моро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзур намоем, то ки падидаҳои номатлуб пешгирӣ карда шаванд.    Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам дар баромадаш гуфт, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон низ оиди хатари экстремизму терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карданд. Оре, дар ҳақиқат ин падидаҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун вабои аср эътироф гардида, ба ҳамаи инсоният хатарноканд. Имрўз муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар яке аз омилҳои асосии ҷалб намудани шаҳрвандон ба задухӯрдҳои Сурия шуда истодааст. Аксари сокинон аз муҳоҷират ба ҷангҳо сафарбар шудаанд. Онҳо асосан шаҳрвандонеанд, ки дар муҳоҷират ҷойи аниқи кор ёфта наметавонанд, сатҳи дониши паст доранд, барои дарёфти маблағ азият мекашанд. Ва чунин ҷавонон зуд ба доми фиреб меафтанд. Дар ин самт корро дар маҳалҳо ҷоннок намуда, Ҷамоатҳо, маҳаллаҳоро зарур аст, ки ҳангоми ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандон ба маърифати ҳуқуқии онҳо, ҳунаромӯзӣ, донистани забони русӣ ва дигар омилҳо эътибор диҳанд, то ки онҳо дар мусофират ба доми фиреб наафтанд. Сабаби дигари ба иттиҳодияҳои террористӣ майл пайдо кардани ҷавонон ин носолимии муҳити оила, ба тақдири фарзандон бепарвоии волидон аст.   Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, мураббиён ва волидон дар якҷоягӣ бо сохторҳои маориф, фарҳанг ва фаъолони ҳизбӣ тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷой гардад. Алалхусус, ба касбомӯзӣ, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем.     Инчунин, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қ, омӯзгори МТМУ№6 Раззоқова Башорат, имомхатиби масҷиди маҳаллаи 10-уми деҳаи Ғулакандоз  оиди масъалаи мазкур суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>