Маҷлиси Шурои занон

МАСТЧОҲ. Дар ҷаласаи ҷамъбастии бахш ва Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки дирӯз дар маҷлисгоҳи кумиҷрояи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид, ҳисоботи Шӯро ва муайян кардани самтҳои бахши занон барои соли 2018 аз муҳиматрин масоил буданд.  Нахуст раиси кумиҷроия Дилшод Зокиров доир ба нақши занон дар ҷомеаи имрӯз ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувон ибрози андеша карда, суханро барои ироаи ҳисобот ба котиби Шӯрои занон Гулнора Ҷӯраева дод. Номбурда зимни суханронӣ аз муҳимтарин дастовардҳои Шӯро дар соли 2017 ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки бахши кор бо занони кумиҷроия дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои занон беш аз 50 чорабинии гуногунсатҳро баргузор намудааст, ки ҳамагӣ ба баланд бардоштани маърифати духтарону занон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ нигаронида шудаанд. Зимни музокира аъзои фаъоли Шӯрои занон Орзугул Шарифова (директори МТМУ №1), Гултура Сафарова (омӯзгори ЛКСК), Муҳаббат Шарифова (омӯзгори МТМУ №14) ва Шаҳноза Ризоева (омӯзгори МТМУ №16) фаъолияти бахши кор бо занон  ва Шӯрои онро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар соли 2018 маслиҳатҳо доданд. Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ соли 2016 таъсис ёфта, имрӯз  35 нафар бонувони фаъол ва дорои касбу кори гуногунро муттаҳид кардааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>