Паёми Пешвои миллат: Раҳнамоӣ зиндагиамон буд

АЙНӢ. Баҳри тарғибу ташфиқи нуқтаҳои асосии Паёми солонаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, КИ ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и ноҳия ба ҷамоату деҳотҳои ноҳия сафар намуда, бо сокинони касбу кори гуногун вохӯрӣ доир намуданд. Нахуст, дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо бошандагони деҳаҳои Сангистон, Зоосун, Путхин, Томин, Хушекат, Куруд  ва  Зиндакон  ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.  Дар ибтидои мулоқот Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия А.Қобилзода баромад намуда, қайд сохт, ки  “Президенти кишвар,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба сатҳи иҷтимоии зиндагии мардуми мамлакат назар карда, музди маоши кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин нафақаи шарҳвандонро 15%  зиёд намуда, барои дастгирии ин қишри ҷомеа дастуру супоришҳои назаррас  доданд”. Ҳамзамон, Пешвои миллат, оли 2018- ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ин иқдом метавонад Тоҷикистони азизи моро дар давлатҳои хориҷи кишвар  муаррифӣ намояд. Дар идомаи сӯҳбат роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” доири нуқтаи асосии Паёми пешвои миллат, оиди баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар кишвар ибрози назар намуд. Мавсуф, зикр сохт, ки солҳои охир ҳар гуна гурӯҳҳо баҳри ба даст овардани манфиати шахсии худ, ҷавононро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Аз ин лиҳоз мо ҷавононро мебояд, ки бештар омӯзем, пайрави Пешвои миллати худ шуда, дар ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон саҳми назарраси худро гузорем. Зимни суҳбат сокинон изҳори назар намуданд, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар фазои озод умр ба сар мебарем. Пешвои миллат, зимни ироаи Паёми худ, ҳамаи соҳаҳои муҳими кишварро таҳлили амиқ намуда, баҳри ислоҳи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан ба гардиши молҳои пастсифат ва дорӯҳои муҳлаташон гузашта эрод гирифтанд. Итминони комил дорем, ки шахсони масъул пайи ислоҳи камбудиҳои худ шуда,  баҳри ободии сарзамини хеш саъю талоши бештар менамоянд. Ҷоизи қайд аст, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, раҳнамои зиндагиамон буд -илова намуданд, иштирокчиёни вохӯрӣ. Ҷолиби қайд аст, ки чунин вохӯриҳо доири тарғиби Паёми Пешвои миллат, дар дигар ҷамоату деҳотҳои ноҳия бо маром ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>