Паём – имрӯзу фардои мо

СПИТАМЕН. Аз Паём то Паём ҳамасола мо эҳсос мекунем, ки таъкиду тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолаӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ шуда зиндагии халқ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву бунёдкорӣ созандагиву навоварӣ бо авҷи тоза пеш рафта истодааст. Шӯрои собиқадорони ҳизб бо роҳбарии Раҷабов Ҳ, имрӯз дар утоқи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, ҷамъ омаданд. Аъзоёни Шӯрои собиқадорон гирди суханрониҳо гуфта гузаштанд, ки дар ҳақиқат миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва дорои фарҳанги қадима мебошад. Ҳунарҳои волои миллӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо буда табиати нотакрор дорад. Ҳар як маҳаллаю минтақаҳо, ва бошад, ки ҳар як оилаи тоҷик соҳиби ягон намуди ҳунари мардумӣ мебошад. Дар ноҳияи Спитамен, низ ҳунармандони мардумӣ бисёр мебошанд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Раҷабов Ҳ., нуқтаҳои асосии Паёмро муфассал шарҳ дода гуфт, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ин барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, барои соҳибкорон  ва ҳунармандон имтиёзҳои васеро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ фароҳам меорад.  Дар ноҳияи Спитамен, низ оилаҳои бо ҳунарҳои ниёгонамон машғулгашта зиёд мебошанд.  Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ О.Насруллоев зимни суханронӣ гуфт, ки Паёми Пешвои миллат – дастури раҳнамои ояндасоз мебошад. Дар Паём суханҳо суханҳои саршор аз меҳр гуфта шудааст. Боварии комил дорем, ки ҳар як фарди ин сарзамини биҳиштосо, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода баҳри амалигардонии он софдилона меҳнат менамоянд ва таклиф намуд, ки аъзоёни Шӯрои собиқадорон дар ҳамкорӣ бо бахши занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия дар рузи таҷлили Иди Сада намоиши ҳунраҳои миллиро омода намуда пешкаш намоянд.  Дар фарҷоми ҷамъомад ба 5 нафар мутахассисони ҷавони МТМУ №22 шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>