Маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

ПАНҶАКЕНТДар асоси ҷадвали тасдиқ намудаи кумиҷроияи шаҳрӣ маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳр баргузор гардида истодааст, ки дар он дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ширкат варзида, фаъолияти созмонҳои аввалияи ҳизбӣ дар давоми соли 2017 дар ин ҷаласаҳо мавриди баррасӣ қарор ёфта истодаанд. Рӯзи гузашта дар ташкилотҳои ибтидои «Шӯъбаи хизматрасони дар хона» бо чунин мазмун маҷлисҳои ҳизбӣ гузаронида шуд.. Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда оид ба корбарӣ дар давоми соли 2017 дар назди ҳизбиён ҳисобот пешниҳод намуда, аз бурду бохт дар ин муддат баромад намуданд. Роҳбари дастгоҳ-роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Алишер Амонов дар назди ҳозирин оид ба корҳои иҷрогардида дар давоми соли 2017, натиҷаҳои бадастоварда, норасоиҳо ва ислоҳи онҳо суханронӣ намуд.  Бояд тазаккур дод, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ дар самти баланд бардоштани фаъолияти ҳизбӣ, беҳбудии вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, муайян намудани ҳолати воқеии аъзоёни ҳизб, азқайдгузаронии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, маъракаи обуна ва ғайраҳо ба дастовардҳо ноил гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>