Мулоқоти ҷавонон дар ҳошияи Паём

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи Ёва ҷавонон сарҷамъ омада, мулоқот баргузор намуданд. Қайд карданд, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, бояд, мо ҷавонон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>