Паёми Пешвои миллат – кафили зиндагии шоистаи мардум

image-0-02-05-efd05dc655aac0dfd04c5051fbf57cbcead57604157e5dc0b2c0dc33145e72f9-V

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, имрӯз дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд вохӯрӣ бо кормандони соҳа оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Набиҷон Халилзода, омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Хайринисо Темирова ва Раиси шӯрои олимони ҷавони вилоят Шӯҳратҷон Саидзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал муовини Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят полковник Қосимов Анвар меҳмононро муаррифӣ намуда, сухани аввалро ба мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Набиҷон Халилзода дод. Набиҷон Халилзода зимни баромади худ нуктаҳои асосии Паёмро шарҳу эзоҳ дода, қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои хоҷагии мамлакатро фарогир аст. Ҳамасола Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ба фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум тадбирандешӣ менамоянд. Бахусус, дар Паёми имсола соли 2018 – ро Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанашон барои иқтисодиёти кишвар ва иқтисодиёти хонаводагии халқи тоҷик саҳмгузор хоҳад буд. Ӯ афзуд, ки Сарвари давлат дар Паём аз андоз озод кардани ҳунармандонро махсус қайд карданд, ки ин иқдом боиси кафолати зиндагии шоистаи мардум хоҳад гашт. Сипас, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Хайринисо Темирова сухан ронда, изҳор намуд, ки дар Паёми имсола низ ба самти фаъолияти маориф ва тандурустӣ Сарвари давлат таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуданд. Раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят, Шӯҳрат Саидзода оид ба ҷабҳаҳои сиёсии Паёми Пешвои миллат андешаҳои ҷолиби хешро баён кард. Қайд кард, ки чаҳорумин пешниҳоди Сарвари давлат ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018 – 2028” аз 22 –юми марти соли равон оғоз мегардад, ки чунин иқдомҳо боиси ифтихори миллати мост. Бо ҳамин вохӯрии кормандони соҳа бо қаноатмандӣ ва шукргузориву сипосмандӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>