Тарғиби Паёми Пешвои миллат дар байни занон

20180125_093230

АЙНӢ. Тибқи нақша бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ силсилаи вохӯриҳоро доир ба тарғиби мӯҳтавои  Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳалҳо роҳандозӣ менамояд.Санаи 25-уми январи соли равон  дар маркази ноҳия бо занони фаъол вохӯрӣ доир карда шуд.  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода А. бо сухани ифтитоҳӣ маҷлисро оғоз намуд. Сипас мудири бахши кор бо занони Комиҷроия Низомова Фарзона мӯҳтавои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, қайд намуд, ки “…ироа гардидани Паёми Пешвои миллат мақоми онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқаррар месозад.Дар Паёми Пешвои миллат инчунин баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар доираи манфиатҳои мардум, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки меҳвари барномаи боз як соли пешрафтҳои кишвари мо-таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад”.  Дар музокира раиси шӯрои занони бахши фарҳанг Баҳриева Маҳина  баромад намуда, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати роҳнамои ҳар як фарди кишвар аст. Дар вохӯрӣ  Сармутахассиси бахши  кор  бо  занони  Мақомоти  иҷроия Фархунда Фурқатӣ ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Айнӣ Халифаева Сайёра иштирок доштанд. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>