Омӯзиши Паём аз ҷониби ҳунармандони Марказҳои омӯзишиву истеҳсолӣ

IMG_20170203_133216

БӮСТОН. Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  оид ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин асно, омӯзиши мӯҳтавои  эълон гардидани  «Соли 2018 – Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  аз ҷониби Сарвари давлат  бо ҳунармандони  муассисаҳои  омӯзишиву истеҳсолии адрасу атласбофии шаҳр  вохӯриву мулоқотҳо  баргузор гардида истодааст. Ин навбат Паёми навбатии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  самтҳои  сиёсати  дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ҳунамандони Маркази таълимию истеҳсолии назди  ташкилоти ибтидоии КД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки соли 2017 ба истифода дода шуда, наздик 30 нафар занони ҳунармандро бо шуғл фаро гирифтааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Раиси  кумиҷроияи шаҳрӣ оиди самтҳои асосии  Паём  сухан карда, оид ба  имтиёз ва  дастгириҳои  Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  дар ҷодаи рушди ҳунарҳои миллӣ  ва дар ин замина дастирии  ҳунармандони мардумӣ, бо шуғл фаро гирифтани  аҳолӣ ва  муаррифии  фарҳанги ғании кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф зад. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ  занони ҳунарманд оид ба фаъолияти  омӯзишиву истеҳсолии маркази мазкур  аз ҷумла, истеҳсоли    атласу адрас  сухан карда, таъкид намуданд, ки  фаъолияти омӯзиширо дар  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташаккул хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>