Фаъолияти бобарору пурмаҳсул

ИСФАРА. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва маҳаллӣ вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии шаҳри Исфара дар муколама бо рӯзноманигори рӯзномаи ҳизбии вилоятии “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бобарору пурмаҳсул арзёби гардид. Мутобиқ ба гуфтори раиси шаҳр Дилшод Ҷабборӣ соли 2017 иқдомҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара оид ба таъсиси Грантҳо ба довталабони пешаи омӯзгорӣ,  аксияҳо оид ба дастгирии ниёзмандон бобати бо лавозимотҳои хониш ва сару либос таъмин намудан, аёдати собиқадорони ҳизб ва ҷонибдорони он, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ бобати ноил шудан ба Ҷоми Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкили ҳамоишҳо, роҳпаймоиҳо, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи вилоятиву шаҳри дар Соли ҷавонон, оид ба баланд бардоштани саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа дастгирии ҳамаҷониба ёфта нуфуз ва обурӯи ҳизбро афзун гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>