Дасти мадад

АШТ. Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи сӯхтор дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳия хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Ф. ба пуррагӣ зарар дида, бо дастгирии роҳбарияти ҷамоат ва наздикони оилаи мазкур корҳои азнавбарқароркунӣ тариқи ҳашар дар мавсими зимистон босуръат ҷараён дорад. Рӯзи гузашта роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади аҳволпурсӣ ба ин хонавода ташриф намуд. Раиси Кумитаи иҷроия ба бонуи хонадон Бобоева Д., ки яке аз аъзоёни фаъоли ҳизбамон маҳсуб меёбад, нисбати рӯйдоди ин ҳодиса сӯҳбат ороста, афзуд, ки ҳизбиён омода ҳастанд дар ин рӯзҳо ба ин хонадон дасти мадад дароз намоянд.  Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводи хӯрока аз қабили орд, равған ва биринҷ ёрӣ расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>