Нишасти матбуотӣ

ДЕВАШТИЧ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич нишасти навбатии матбуотӣ бо Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод ва намояндагони воситаҳои ахбори умуми вилоят ва ноҳия доир гардид. Нишасти матбуотӣ ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия дар соли 2017 бахшида шуд. Раиси ноҳия ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2017 маълумот дода қайд кард, ки дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳо боиси қаноатмандӣ буда, диққату эътибори асосӣ ба пешбурди соҳаи хоҷагии халқи ноҳия аз ҷумла, кишоварзӣ, равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт, беҳбуд гардонидани шароити зисту зиндагонии мардум, таъмини волоияти қонун равона гардид. Аз ҷониби Раиси ноҳия махсусан соҳаҳои кишоварзӣ, мактабу маориф, фарҳангу тандурустӣ таҳлили ҳамаҷониба ёфт. Маълум гардид, ки барои мустаҳкам гардонидани заминаи техникии ҳамаи соҳаҳо тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд. Корҳои оммавӣ-сиёсӣ, тарғиботию ташвиқотӣ бояд ба пешгирии ҳар гуна зуҳуроти ба ҷамъият бегона, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм равона гардад. Раиси ноҳия ба пурсиши хабарнигорон посух дода қайд кард, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои фароҳам овардани шароити мусоид дар рушду нумуи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия нақшаҳои заруриро қабул намуд. Инчунин тезонидани корҳои сохтмонии хатти оби Дахкатсой-Даҳанасой, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия қарор дорад. Иброз дошт, ки қаноатманд будан аз дастовардҳо набояд боиси хотирҷамъӣ бошад. Дар ин радиф, хабарнигорон бояд баҳри инъикоси воқеъбинонаю саривақтии ҳаёти ноҳия кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>