Марҳамат, ба ҷойи таърихии мо!

СПИТАМЕН. Имруз, дар минтақаи дурдаст ва деҳачаи хушманзараи Метар-и ҷамоати деҳоти Тағояк-и ноҳияи Спитамен, бо аҳли зиёи МТМУ №16, падару модарон ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ, директори МТМУ №16 Валиев Ҳ, омузгори фанни таърих Бобоев Н, мутахассиси кумитаи иҷроия Обидҷонова Ф, собиқадори ҳизб ва меҳнат  Тоҷибоев А баромад намуда аз нуқтаҳои пурмӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон сухарониҳо намуданд. Аз Паём то Паём ҳамасола мо эҳсос мекунем, ки таъкиду тадбирҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, Роҳбари бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ шуда зиндагии халқ сол то сол беҳбудӣ оварда дар ҳама гушаву канори Тоҷикистон, аз он ҷумла ноҳияи мо корҳои ободониву бунёдкорӣ созандагиву навоварӣ бо авҷи тоза пеш рафта истодааст. Паёми навбатии Пешвои миллат роҳнамои ҳаёти шоистаи имрӯзу фардои мо ба ҳисоб меравад. Пири барнодил Тоҷибоев А, баромад намуда гуфт, ки дар деҳа ҳунармандони мардумӣ биёранд. Аз он ҷумла сабадсозон, қолинбофон, устои чубу оҳан, тандурсозон, дузандаҳои миёнбанди мардона, тоқию шерозҳо ва дигар намудҳо бо ҳунарҳои дастии худ муарриф гаштаанд. Боиси хурсандӣ гашт, ки соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Дар болои деҳаи Метар деҳаи Лангар  зиёратгоҳи «Лангар-Ато» ҷой гирифтааст, меҳмонони тамоми гушаву канори  ҷумҳурӣ ва берун аз он барои сайру тамошо ва зиёрат меоянд, қабул менамоянд. Зиёраткунандагон аз ин ҷойи таърихӣ  баҳра гирифта мераванд. Марҳамат, ба ҷойҳои таърихии мо!  Дар фарҷоми вохӯрӣ, дар вазъи тантанавӣ ба 8 нафар омузгорони ҷавони МТМУ №16 шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>