Ҷилои ситораи ҳунар

ҶАББОР РАСУЛОВ. Як рӯзе омӯзгори фанни расму нақшакашии МТМУ №10-и деҳаи Тоҷикобод Обидов Ҳобилбек ба ман як даста расмҳоро нишон доданд ва баҳо доданро хоҳиш намуданд. Ростӣ, аз тамошои расмҳо ба ҳайрат омадам. Гуфтам, ки расмҳоятон дар дараҷаи олӣ. Ба ягон озмун тайёрӣ дидаед? Муаллим табассум карданду изҳор доштанд, ки ин расмҳои шогирдам Маниҷаи Юнусзода мебошанд. Маниҷа аз модари омӯзгор ба дунё омадааст. Чун якуним- дусола шуд, бо қаламу қоғаз сару кор оғоз намуд. Модар барои он ки ба коре машғул шавад, ба духтараш қаламу қоғаз медод. Духтараш ба кашидани хатҳои гуногун машғул мешуд. Ба мактаб баромаду расмкашӣ шуғли дӯстдоштаи ӯ гардид. Дар синфи панҷум Обидови ҳунарманд истеъдоди рассомии Маниҷаро пайхас карда, аз паси инкишофи истеъдоди ӯ гаштанд. +ро ба маҳфили «Рассомони ҷавон» ҷалб намуда, бо ӯ машғулиятҳои иловагӣ ташкил карданд. Дар натиҷа рӯз аз рӯз маҳорати Маниҷа боло рафт. Мавзӯи асарҳои Маниҷа гуногун аст: олами ҳайвонот, манзараҳои табиат, фаслҳои сол, симои одамон ва ғайра. Дар лавҳае боғи хуррам ва дар шохи дарахт булбули шайдое тасвир ёфтааст. Ба тасвир бо диққат назар андозӣ, гӯё садои булбул ба гӯш мерасад. Дар тасвири дигар манзараи куҳсори тоҷик акс ёфтаасту ба гӯш гӯё садои мавҷи дарёи шӯхи куҳӣ мерасад… Устодаш Маниҷаро ба озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ раҳнамоӣ мекунад ва доимо бо туҳфаҳо бармегардад. Моҳи декабри соли 2017 дар мактаб гӯшаи намоиши расмҳои Маниҷаро ташкил карданд. Омӯзгорон, волидон ва хонандагон фикрҳои худро дар дафтари «Фикру мулоҳизаҳо» қайд карданд. Ҳама ӯро ситораи навзуҳур дар осмони рассомӣ номидаанд. Боварӣ дорем ва орзу мекунем, ки баъди чанд соле ситораи нави ҳунари рассомӣ дар осмони санъати тасвирии тоҷик ба ҷилва меояд.

Наққош, сафҳа аҷаб мунаққаш кардӣ,

Эй вақти ту хуш, ки вақти мо хуш кардӣ.

 

                                               Болтумуҳаммади Устопир

                                              -омӯзгор, ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>