Ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан

ист рубоб

ИСТАРАВШАН. Шаҳри Истаравшан макони ҳунармандон аст, ки мардуми он аз қадимуллайём ба ҳунару ҳунарварӣ машғул гардида, аз он обрӯву эътибори махсусро соҳиб гардиданд. Умаралӣ Давронов аз зумраи чунин нафаронест, ки бо меҳнати софдилонаву сидқидилонааш, то ба имрӯз кору зиндагии хушбахтонаро аз сар мегузаронад. Умаралӣ дар ҳавлӣ аз чӯб асбобҳои мусиқӣ ба мисоли рубоб, тор, дутор ва ғайраҳоро сохта ба истифода метияд. Ҳунарманд дар ҳар давру замон вирди забон, гули сари сабад аст, мегӯяд, Умаралӣ Давронов. Ман имрӯз хеле хурсанд ҳастам, ки ҳунари қадимаи миллатамонро аз нав эҳё месозам. Асбобҳои мусиқии сохтаам, писанди харидорон, дӯсторони санъати мусиқӣ гаштааст. На ҳама хуб медонанд, ки ин асбобҳо аз чӣ гуна дарахтон сохта мешаванд. Масалан, рубоби  тоҷикӣ аз дарахти зардолу сохта шуда, он аз ин ҳисоб хеле базеб ва ҳам сахту мустаҳкам мебошад. Дарахти зардолу ҳам сахт, ҳам нозук буда, овози нағз дорад. Дигар устоҳо ин намуди асбобро аз дарахти тут низ месозанд ва хаёлам, ки онро чӣ хел сохта, манзур мегардонад. Минбаъд низ кӯшиш дорам, чунин асбобҳоро бо сифати баланд созам ва онҳо аз тарафи навозандагону истифодабарандагон хуб харидорӣ карда шаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>