Паём-кафили зиндагии шоиста

кон

КОНИБОДОМ. Тибқи нақшаи чорабиниҳо барои ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣдар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Пӯлодон вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоат баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахш оид ба корҳои дин, бахши муҳоҷират, бахши ҷавонон, шуғли аҳолӣ, имомхатиб иштирок доштанд. Зимни баромади худ, иштирокдорон оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана, ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба таъмини шаҳрвандони бекор ба ҷойи корӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии бекоркунии акди никоҳ, дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, оид ба пойдории оила ва ғайраҳо гуфта гузаштанд. Холматова Х – ҷониши раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ  зимни баромади худ қайд намуд, ки Паёми имсолаи Роҳбари давлат чун солҳои пешин фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа буда, дурнамои рушди кишварро дар тамоми самтҳо барои соли оянда муайян менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>