Варзиш – қосиди сулҳ!

ХУҶАНД. Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби варзишии вилояти Суғд» бо иштироки намояндаи кумиҷроия Ёрматова Назокат мулоқот оид ба баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мавсуф иброз доштанд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми навбатӣ — барномаи ҳидоятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош меварзанд, зеро Паём ҳуҷҷат ва дастурамалест, ки моро ба зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад. Маҳз бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш, ки чун рукни аввалиндараҷаи тансиҳатии мардум ба шумор меояд, ислоҳот ва навсозиҳои босуръат идома дорад. Маркази варзишии вилояти Суғд аз иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат шукргузор буда, баҳри тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ҳамеша ва дифоъи марзу бум кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Музокирачиён самимият, ихлосу боварӣ ва тарафдории хешро оид ба  иқдомҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар Тоҷикистон иброз намуданд. Мулоқот бо музокираҳои мукаммалу густурда ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>