Армуғони «Сухани Халқ»

армугон

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Таҳти ин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд китоби нав рӯи чоп омад. «Армуғони «Сухани халқ»» маҷмӯаи мақолаҳои нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – «Сухани халқ»-ро фаро гирифта, ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии ин ҳафтанома дар матбааи «Ношир» чоп шуд. Китоб маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносону фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аҳли эҷоди нашрияи «Сухани халқ»-ро дар бар гирифта, аз нӯҳ боб иборат аст. Матолиби маҷмӯа мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву адабиро фарогир буда, ҳамчунин, наздики 50 мақолаҳои таҳлилии ҳайати эҷодӣ, ки давоми соли 2017 дар рӯзнома интишор гардидаанд, дар худ ҷой додааст. Муҳаррири масъули китоб Сарфароз Фаттоҳзода – Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва мураттиби он сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» Бобоҷон Қурбонов мебошанд. Нашрияи вилоятии «Сухани халқ» яке аз ҳафтаномаҳои сернуфузи вилоят маҳсуб шуда, бо теъдоди наздики 12 000 адад ба дасти чоп мерасад. Соли ҷорӣ ба таъсисёбии ин рӯзнома 25 сол пур мешавад. Маҷмӯаи мазкур ба ифтихори ин сана рӯи чоп омадааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>