Пешниҳоди Эрон: Кабирӣ аз уҳдаи наҳзат набаромад, Истаравшанӣ бояд раиси наҳзат шавад

АНДЕША. Ноуҳдабароии Кабириро ҷониби Эрон дар мавриди истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои додашуда зимни роҳандозии амалиёти мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва раванди норозигии аъзоёни наҳзат аз тақсимоти ноадолатонаи маблағҳои воридшаванда ба инобат гирифта, нисбат ба Кабирӣ бо чашми нафрат нигариста истодааст. Ҳатто дар мавриди шуруъ гардидани тазоҳуротҳо дар Эрон Кабирӣ аз ин тазоҳуротҳо нигаронӣ накардааст. Бо шунидани шиори мардуми Эрон “Миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” Кабирӣ аз хоҷагони эронии худ дурӣ ҷуста, аз паи ҷустуҷӯи хоҷагони нав гардидааст. Мушоҳидаҳо собит сохтааст, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки кайҳо боз мазҳаби шиаро қабул карда, мунтазам ба тарғиби мазҳаб ва фарҳангу суннати мардуми Эрон машғул аст. Ҳатто бо оғоз гардидани тазоҳурот дар Эрон Истаравшанӣ чандин матлабҳоро дар сомонаи Кимиёи саодат, ки ба ӯ ва сарпарастии бевоситаи хоҷагонаш тааллуқ дорад омода ва нашр намуда буд. Аз ҷумла мақолаву таҳлилҳо таҳти унвони “Аввалин вокуниши Руҳонӣ ба таҳаввулоти ахир дар Эрон”, “Агар эътирозоти Эрон дар як кишвари халиҷӣ иттифоқ меафтод…”, “Вақте бо эҳсосоти мардум бозӣ мешавад…”, “Тромп барои ҳимоят аз эътирозҳо дар Эрон, ба твитт иктифо накунад!” ва амсоли инҳо.   Инчунин Истаравшанӣ дар матлаби интишорнамудааш бо номи  “Ҳадаф, Суриясозии Эрон аст” шадидан аз рафтори иддае аз мардум, ки ба раванди тазоҳуротҳо андешаронӣ карда буданд интиқод карда буд. Аз ҷумла зикр намуда, буд, ки “Баъзе аз тоҷикҳои худамон ҳам дар парокандани росту дурӯғ дар ҳамон соатҳои аввалия бенасиб набуданд”. Яъне аз ин бармеояд, ки барои хоҷагонаш шуда, ҳатто ҳамватанони худро мазаммат кардааст. Роҳбарони аршади Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз оғози тазоҳуротҳо пай бурданд, ки Кабирӣ хиёнаткор аст ва дар кишварҳои Аврупо умр ба сар бурда истодааст он қадар барояшон садоқат надорад. Он замон байни худ нақшаи аз сари наҳзат берун кардани Кабириро кашида будаанд. Аммо Кабирии маккори ҳилагар аз ин пай бурда, барои тақсими одилонаи маблағҳо нақшаҳоро тарҳрезӣ карда, гӯиё байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар мардуми азияткашидаи Тоҷикистон озмунро эълон намуда, ба ғолибон маблағҳо пешбинӣ намудааст. Масалан фурсатҳои охир пай дар пай дар сомонаи Паём.нет эълонҳо оид ба озмуни наҳзатиҳо нашр гардида истодааст, ки баёнгари ин гуфтаҳост. Бо вуҷуди ин ҷониби Эрон пуштибониву фаъолияти густардаи Сайидюнуси Истаравшаниро дар мавриди ҳимоят аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва тарғибу ташвиқи ҳамвораи мазҳаб ва суннату фарҳангаш эҳсос ва дарк намуда, хостори ба ҳайси раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат баргузидани Сайидюнуси Истаравшанӣ шудааст. Зеро Муҳиддин Кабирӣ маблағҳои ба наҳзат ҷудонамударо бесамар ва ба манфиати шахсии худ ва ҳамзамон барои рӯзгузарониаш истифода бурда истодааст.

                                                                                                          Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>