Фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ

БӮСТОН. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути қабулҳои ҷамъиятӣ   нақши мусбии ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими  арзишҳои демократӣ таъкид намуда, дар ҳамкорӣ бо  ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои давлатӣ ва аҳолии кишвар дар  таъмини шаффофияти фаъолияти сохторҳои  давлатӣ ва такмили интизоми  гуногунандешии сиёсӣ мусоидат менамояд. Дар назди кумиҷроияи шаҳри Бӯстон тибқи ҷадвали алоҳида ҳар ҳафта бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ва Ҷамоати шаҳраки Палос қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ҷумла дар  моҳи январи соли равон аз ҷониби   вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон 10 нафар интихобкунандагон  қабул гардида, масъалаҳо аз рӯи имконият ҳаллу фасл карда шуданд.  Аз ҷониби вакили мардумӣ  Раҳматов Ҳ.Ҷ. аз ҳавази интихоботии Борбад № 21, сарвари боғи  фароғативу истироҳатии ба номи Устод С. Айнӣ 5 нафар шаҳрвандон қабул гардида, муроҷиаташон оиди кӯмак ба пардохти маблағи барқ ва мусоидат ба ободонии маҳалла пурра ҳал карда шуд. Шаҳрвандон  ин маротиба низ қаноатмандии хешро ба   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  изҳор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>