43 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд

СУҒД. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳи январи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати бо  ҷои кории доимӣ  таъмин намудан, ҷалби бекорон ба касбомўзию ҳунаромӯзӣ  ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ  ба Ватан баргашта, 16 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида шуд. Дар ярмаркаҳои мазкур аз ҷониби 222 ташкилоту корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1927 адад ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод барои шаҳрвандони корҷўй аз рўи ихтисосҳои гуногун пешниҳод карда шуд, ки музди маоши моҳонаи вазифаҳои озод аз 500 то 2000 сомониро ташкил дод. Бояд қайд намуд, ки дар ярмаркаҳои мазкур Марказҳои таълимии калонсолони системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо низ иштирок намуданд.  Дар натиҷаи гузаронидани ярмаркаҳои мазкур 43 нафар шаҳрвандони корҷўянда бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 107 нафар ба касбомўзонӣ сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>