Вохӯрӣ бо ҷавонон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси гуруҳи «Созанда», пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар МТМУ №14-и деҳаи Деҳмой бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯри мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод иштирок ва оиди нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуд. Инчунин, ӯ ба ҳозирин аз таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагии он дар ноҳия маълумот дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>