Шиносоӣ бо фаъолияти маркази таълими истеҳсолии “Ганҷина”

КОНИБОДОМ. Дар Паёми навбатӣ бо иқдоми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.   Бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои Паёми навбатӣ ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он зикршуда, дастгирии занони ҳунарманд, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон эҳё гардида, тавассути коргоҳи истеҳсолӣ ба касбомӯию шуғли доимӣ занону бонувон, фаро гирифта шудаанд.  Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроии ҲХДТ санаи 7 феврали соли ҷорӣ Саидӣ Б- раиси ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва Мӯъминова Н – коргузори САҲШ- и ҷамоат бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои адрас аз фаъолияти кори Маркази таълимӣ истеҳсолии “Ганҷина” –и ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов дидан намуданд.   Маълум гашт, ки дар маркази мазкур бо роҳбарии Ҷӯраева Санавбар ва 15 нафар духтарон бо касби адрасбофӣ ва 15 нафар духтарон бо касби дӯзандагӣ машғул буданд.  Шогирдони марказ аз Саидӣ — раиси ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов ҳангоми сӯҳбат дархост намуданд, ки барои кушодани курси кулинарӣ ва барои харидорӣ намудани як адад тафдон аз раиси ҷамоат кӯмак пурсиданд ва ин дархости онҳо дар рӯзҳои наздик қонеъ хоҳад шуд. Ҳамчунин ҳангоми вохӯрӣ оид ба мазмун ва нуқтаҳои асосии  Паёми Сарвари давлат дар назди ҳунармандон сӯҳбат гузаронида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>