Ҷамъбасти фаъолияти ҳизбиён

ДЕВАШТИЧ. Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар соли 2016 бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, аъзои гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар МВХН, роҳбарону масъулони ТИҲ, аъзои Шўрои собиқадорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои соли 2016 ва вазифагузориҳо дар соли 2017, тасдиқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои соли 2017, тасдиқи қарори Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кумиҷроияи ҳизбӣ ва ба талаботи марҳилаи ҳозира мутобиқ кардани он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғози чорабинӣ намоиши расмҳои таърихӣ аз фаъолияти Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аккомпанементи шеърии шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб «Мардумписанд» ва суруди «Тоҷикистон» дар иҷрои хонандагони Литсейи Президентии шаҳри Бўстон барои иштирокдорон намоиш дода шуд. Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилзода ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ ва аъзои ҳизбро дар соли 2016 барои ҳамагон қироат намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия тўли фаъолияташон дар соли 2016 тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Оиннома, барнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳизбиро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру нишондодҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри иҷрои супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ дар самти тарғибу ташвиқ ва роҳандозии ҳадафҳои созандаи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ ва аъзои ҳизб, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», бо кўшишу ғайрати дучанд ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд. Муовини раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Рафоат Каримова дар суханронии хеш қайд намуд, ки баҳри амалишавии Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои иштироки фаъолонаи Шумоён миннатдорӣ баён менамоям. Бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич 15 нафар раисону масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва 10 нафар фаъолони ҳизб қадршиносӣ гардиданд. Инчунин бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ташкилотҳои битидоии ҳизбии «Маркази ёрии иҷтимоӣ», «АДСИН» ва аъзои Агентии ҳифзи меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ ва мактуби шодбошӣ тақдим гардид. Соли 2017, ки аз ҷониби Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст, бо ҳамин мақсад ба 10 нафар довталабони ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>